Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён иқдоми баланд бардоштани арзиш ва нархи тарофаҳоро аз ҷониби операторони алоқаи мобилӣ ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор намудани ин иқдом даъват намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Тавре шаҳрвандон огоҳ ҳастанд, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд. Чунин амали операторони мобилӣ дар ҷомеа, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфӣ ба бор овард.
Хадамоти алоқа дар изҳороташ чунин меҳисобад, ки ин иқдом ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасонии мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳим ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод менамояд.
Аз ин рӯ ба маълумоти тамоми муштариён мерасонем, ки Хадамоти алоқаи мамлакат ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқаи мобилӣ роҳ надода, тамоми имконияти иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корҳо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасонии алоқаи мобилӣ равона менамояд.
Бинобар ин, аз муштариёни алоқаи мобилӣ хоҳиш мешавад, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодаи тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон