Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Директори кулли муассисаи «Ал Мутамиз» Аҳмад Ал Кашеф мулоқот анҷом дод.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаи «Ал Мутамиз» ба ташкили табодули академӣ, машварати таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои илмии мухталиф нигаронида шудааст.
Зимни мулоқот масоили ташкили табодули академӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ аз муассисаҳои мухталиф ба донишгоҳ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самти ташкили маркази таълимӣ-лабораторӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.
Гуфтушуниди ҷонибҳо ҷиҳати дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба имзо расонидани созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ вобаста ба масоили баррасишуда идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»