РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд

Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили намоишгоҳ ва саёҳат ба маконҳои зебонманзари Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад.

Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд форумҳо, аз ҷумла форумҳои минтақавӣ- бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, инчунин Форуми занон, Форуми наврасону ҷавонон, Форуми бахши хусусӣ, форумҳои махсус- Форуми пиряхҳо ва Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология баргузор мегарданд.

Дар робита ба ин пешниҳод гардидааст, ки вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамоҳангсозони раванди омодагии Форуми об барои ҷавонон, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози Форуми об барои занон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоҳангсозони Форуми пиряхҳо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ҳамоҳангсози Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоҳангсози Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Африқо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳангсозони Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамоҳангсози Форуми бахши хусусӣ муайян гарданд. Вазорату идораҳои гуфташуда дар ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони форумҳо-созмонҳои соҳавии байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд барои дар сатҳи баланд гузаронидани форумҳо бояд мусоидат намоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим моҳи июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»