Искандаркул-мавзеи сайёҳӣ

Водии Зарафшон чун дигар гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хушманзараю нотакрор буда, қуллаҳои баланди кӯҳсоронаш, хусусан қаторкӯҳҳои Фон, чашмаю дарёҳои хурӯшон, обҳои ширину зулолаш ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшанд. Ин аст, ки ҳамасола ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари ин водӣ, аз ҷумла Искандаркӯл садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ меоянд.

Искандаркӯл яке аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон мебошад. Он дар баландии 2195-2260 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ҷойгир аст. Искандаркӯл аз шаҳри Душанбе дар масофаи 120 км, аз шаҳри Хуҷанд дар масофаи 240 км ва аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар масофаи 24 км ҷойгир шудааст. Умқи кӯл 71,7 метр буда, ҷуқурии миёна 50,8 метр ва дидани шафофияти оби кӯл 1,7 метрро ташкил медиҳад. Искандаркӯл 172 миллион метри мукааб захираи об ва 741 км мураббаъ ҳавзаи обғундор дорад. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Иқлими Искандаркӯл нарм ва кӯҳӣ мебошад.

Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро асосан шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотӯб ва хурӯшон буда, аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад.

Бо манзараҳои зебову нотакрор, обу ҳавои дилкушо ва олами бои набототу ҳайвонот Искандаркӯл қалби ҳазорон сайёҳонро тасхир намудааст. Ба ин мавзеи хушманзара сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ асосан тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ташриф меоранд, дар даромадгоҳ ба қайд гирифта мешаванд ва роҳбаладон онҳоро роҳбаладӣ ва назорат менамоянд. Дар ин мавзеи хушманзара пойгоҳи туристии Искандаркӯл фаъолият дорад, ки дорои меҳмонхона, ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ аст.

Бо фароҳам овардани инфрасохтори сатҳи баланд ва зарурӣ имкон дорад, ки дар оянда ин мавзеи мӯъҷизаосои табиати кишвар ба тамошогоҳи сайёҳону ҷаҳонгардон табдил гардад, зеро табиати беназири он тамоми латофату назокати худро дар ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон арзонӣ доштааст.

АКС wikipedia.org