Муаррифии платформаи «Tour.tj»

17 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар доираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ гардид.

Чорабинии мазкурро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди самти сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ин замина бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба ҷаҳонгардон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст. Ҳамзамон мавсуф оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар ва аҳамияти платформаи мазкур барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи хизматрасонӣ ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ изҳор доштанд.