Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон имрӯз зимни мулоқоти муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Чхеидзе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба табодули таҷриба, бастани қарордодҳо байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иштирок дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва тақвияти ҳамкорӣ ибрози ҳавасмандӣ намуд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар наздиктарин фурсат Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро омода намоянд.
Баъд аз мулоқот меҳмонон бо Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуда, аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик огоҳӣ пайдо намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон