Дар Боку мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии равобити дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба иброз дошта, таъкид намуданд, ки баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон