ИДИ САДА. Назари коршинос дар бораи таърихи ин ҷашн

Шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи январ дар Тоҷикистон Иди Сада  ва  намоиши тухми зироати кишоварзӣ доир мегардад.  Ба ин муносибат дар зер андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар робита ба ном ва таърихи ин ҷашн бо унвони «Ҷашни мулуки номдор» манзур мегардад.

— 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармо аст, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо ва фарҳангҳои дигар ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳуми моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа дар сарзамини ориёиҳо баргузор мешуд… ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ менамуданд.

Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ «сазақ» ва «садақ» шудааст, ҷашне мебошад, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ дар маросими хосса анҷом мегирад.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир намудааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархӯрд ва аз бархӯрди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо намудани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати «фурӯғи эзадӣ» қиблаву маҳалли парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хурду шодмонӣ намуд ва ба ин тариқ ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Унсурии Ғазнавӣ, ки аз шоирони ҳамасри Фирдавсӣ аст, бунёди ҷашни Садаро марбут ба Фаридуну Ҷамшед медонад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукуҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукуҳу ҷалол ид мешуд. Гуфтаанд, ки Маликшоҳи Салҷуқӣ як сол пеш аз вафоташ дар шаби 18 зилҳиҷҷаи соли 484 ҳиҷрӣ (30 январи 1091) дар Бағдод ин ҷашнро пуршукуҳ таҷлил намуд ва Абулқосими Мубаррадӣ ба муносибати баргузории ҷашни Сада ва оташи дар он афрӯхта ба забони арабӣ шеър суруд, ки тарҷумаи тоҷикияш ин аст:

Ва ҳар оташ барои ошиқон афрӯзандааст,
Аз оташи дили ман ё аз оташи шаби ҷашни Сада.

Ба назар чунин мерасад, ки аксари матлаби фарҳангномаҳо ва асарҳои назму наср дар робита ба ҷашни Сада ба он матолибе, ки дар осори боқимондаи донишманди бузурги мо — Абурайҳони Берунӣ (973-1048) нисбат ба ин ҷашни аҷдодӣ омадааст, беиртибот нест ва шояд аз осори ӯ ибтидо гирифтааст.

Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш- «Китоб-ут-тафҳим» ва ҳамчунин «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор», ки ба арабӣ таълиф намудааст, роҷеъ ба ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст. Тавзеҳи чашни Сада дар «Китоб-ут-тафҳим» ба ваҷҳи мухтасар ва дар «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор» ба таври нисбатан муфассал аст. Гузашта аз ин, дар ин ду асар Берунӣ ҳамчунин аз мавҷуд будани ҷашни дигаре бо номи Навсада ё Барсада, ки панҷ рӯз пеш аз таҷлили ҷашни Сада баргузор мешудааст, иттилоъ додааст.

Тавзеҳан, Берунӣ дар «Ёдгори мондагор» ёдовар мешавад, ки рӯзи панҷуми баҳманмоҳ рӯзи исфандормуз аст, ки Навсада, яъне Садаи нав ё Барсада, яъне фавқи Сада гуфта мешавад, зеро панҷ рӯз пеш аз ҷашни Сада аст. Аз ин матлаб ин воқеият ба назар мерасад, ки панҷ рӯз пештар аз баргузории ҷашни Сада пешиниёни мо ҷашни дигаре доштаанд, ки онро Навсада ё Барсада мегуфтаанд.

Дар робита ба худи ҷашни Сада Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» изҳори назар намуда, бунёди онро ба Фаридун нисбат додааст. Берунӣ дар ин китоб мегӯяд, ки Сада «обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум pӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд. Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар pӯзe, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯpo вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯpo бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: Тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳaнд. Пас бо вай устуворон (саворон) фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар кас бар боми хонаи хеш оташ aфpӯxтaнд. Зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он наздики Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯpo озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва Масмуғон ном кард, ай Меҳи муғон».

Зимнан дар асрҳои баъдӣ ҳамин матлаби дар обонрӯз ё «даҳуми баҳманмоҳ» баргузор намудани ҷашни Сада ва «аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб» мавҷуд будани фосиларо Фаррухии Сиистонӣ чунин ба назм овардааст:

Аз пайи таҳнияти рӯзи нав омад бар шоҳ,
Садаи фаррух рӯзи даҳуми баҳманмоҳ…
Чӣ хабар дод? Хабар дод, ки то панҷаҳ рӯз
Рӯй бинмояд Наврӯзу кунад арз сипоҳ.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ин сурудаи Фаррухӣ бо суханони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» иртиботи қавӣ дорад.

Андешаи Берунӣ дар хусуси ба Фаридун бастагӣ доштани оғози ҷашни Сада дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам такрор омадааст, ки «Офаридун… ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод… ».

Дар «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор» ҳам матлаби дар «Китоб-ут-тафҳим» ёдшудаи бунёди ҷашни Сада бо баёни дигар омадааст, вале дар зимн Берунӣ боз чанд ривояту устураи зерини таърихи ҷашни Садаро ёд намудааст:

Нахуст, «Сада, яъне сад», ин ба он маънӣ аст, ки номи сада аз шумораи сад ба миён омадааст.

Дувум, ҷашни Сада ёдгори Ардашер писари Бобакон аст. Ба андешаи мо, назари Берунӣ дар ин маврид ҳамин аст, ки ҷашни қадими Сада дар рӯзгори бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон расмияти бештар пайдо намудааст.

Севум, ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона баршумуранд, байни он ва охири сол адади сад ба даст меояд, аз ин рӯ ин рӯзро Сада гуфтанд.

Чорум, дар ин рӯз буд, ки фарзандони Каюмарс ба сад расиданд. Ин матлаб чунонки дар боло ёд шуд, дар «Китоб-ут-тафҳим» ҳам омадааст: «андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд», ки мурод аз падари нахустин – Каюмарс, яъне падари башар дар устураи пешиниёни мо аст.

Панҷум, дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна, яъне нахустин зану шавҳар мутобиқи ривоятҳои асотирии гузаштагони мо ба сад расиданд.

Шашум, миқдори фарзандони Одам дар ин рӯз ба сад расид.

Ҳафтум, ин рӯз иди Ҳушанги Пешдодӣ аст, ки тоҷи олам ба даст овард. Дар боло, аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба номи Ҳушанг бастагӣ доштани ин ҷашн ёд шуд.

Ҳаштум, дар ин рӯз оташ меафрӯхтанд, то шарри бадиҳо  бартараф гардад ва дуд меандохтанд, то зиёни он бартараф шавад.

Нуҳум, дар ин шаб расм шудааст, ки оташ афрӯзанд ва чун шуълавар гардад, ҳайвоноти ваҳширо ба оташ андозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он пазанд ва дар канори оташ нишаста шодмонӣ намоянд. Берунӣ зимни ёдкарди ин матлаб ин расмро нописанд медонад ва дар оташ афкандани ҳайвоноти безиён ва парандагонро сахт накуҳиш намудааст.

Даҳум, аҳли Караҷ ин шабро «шаби газана» мегӯянд, яъне мақсадашон ин аст, ки сармо аз шиддати худ шахсро дар ин шаб мегазад, яъне шаби ҷашни Сада сардтарин шаби фасли сармо аст.

Дар идомаи баёни ин матолиб Берунӣ дар ҳамин китоб ҳам сабаби дар ин шаб оташ равшан намуданро ба ҳамон устураи марбут ба Заҳҳоки Морон ва иқдоми Армоил ё Азмоил, ки аз ду нафари маҳкум барои хӯрди морон якеро раҳо менамуд ва дар боло аз «Китоб-ут-тафҳим» ёд овардем, марбут медонад.

Ҳамчунин дар робита ба ду мори Заҳҳок Берунӣ таъкид бар он дорад, ки мавҷуд будани ду мор бар ду китфи Заҳҳок аз ҳақиқат дур менамояд, вале имкон дорад, чунонки дар «Китоб-ут-тафҳим» омадааст, дар ду китфи Заҳҳок ду ҷароҳати ҷонкоҳ бошад, ки дарди онҳоро молидани  мағзи сари инсон таскин бахшад.

Ҳосили сухан, ҷавҳари андешаи Берунӣ аз ёдкарди Сада ва таърихи асотирии он ин аст, ки Сада ҷашни қадими миллии ориёӣ аст. Берунӣ, чунонки аз матолиби боло ҳам ба мушоҳида мерасад, ба сифати донишманди бузурги риёзидон ва дорои тафаккури риёзӣ дар таълифоташ бо ишора ба чанд ривоят ба робитаи байни ҷашни Сада бо адади сад ба таври возеҳу равшан ишора намудааст.

Ин матлаб ҳамчунин гувоҳи он аст, ки забони модарии мо забони қадиму асил аст ва номи ҳамаи ҷашнҳои қадими миллии ҳувиятофари мо реша дар ҳамин забон дорад. Калимаи сада вожаи нобу сара буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»