Гулмарг, макони машҳури лижаронӣ дар Кашмири Ҳиндустон, имсол бо хушксолии бесобиқа мубориза мебарад. Майдонҳои лижаронӣ, қи ҳар сол бо барф ва манзараҳои ҳайратангези худ ҳазорон сайёҳро ҷалб мекард, ҳоло дар ҳолати зимистони бебарф қарор дорад.
Ба иттилои сокинони маҳаллии моҳи январи соли ҷорӣ бори аввал аст, ки дар чанд соли охир марказҳои машҳури сайёҳӣ ба монанди Гулмарг ва Пахалгам шоҳиди набудани бориши барф мешаванд. Ин ҳама сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳонро ҳайратзада кардааст. Бориши барф яке аз ҷозибаҳои асосии сайёҳӣ дар ин ҷойҳост ва бисёре аз корхонаҳо аз бориши дурусти барф вобастаанд. Масалан, лижаронӣ ва якчанд намудҳои дигари варзиши зимистона баҳри фароғату истироҳати сайёҳон пешкаш мешуд. Ин мушкили бебарфӣ дар ҳолест ки онҳо ба Бозиҳои зимистонаи солонаи Khelo India 2024, ки аз 2 то 6 феврал ба нақша гирифта шудааст, наздиктар мешаванд. Эҳтимоли зиёд ин бозиҳо бо сабаби набуди барф баргузор нагадад.