Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳоқон Фидан бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон