8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.
Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ва музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкории гуногунҷанба нақши созанда дорад.
Ҷонибҳо нақш ва аҳаммияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ бисёр муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҳавасмандӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро 200 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд.
Дар ин робита фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ махсус таъкид гардид.
Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии байни ду давлат то 500 миллион доллар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи тавсеаи робитаҳои судманд дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб, рушди бахши саёҳати офиятбахш, идомаи анъанаҳои неки равобити фарҳангӣ, аз қабили ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои ҳифзу нигоҳдошти забони тоҷикӣ-форсӣ аз самтҳои воқеии рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз рӯйи натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат равона гардидааст.
Ба имзо расидани санади нави ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муколамаи созанда ва пайвастаи байнипарламентии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳ ва мазмуни баланд идома ёбад.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон