3 НИШОНДИҲАНДАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА ГУРӮҲИ «МАМЛАКАТҲОИ САБЗ» ДАР ҶАҲОН ВОРИД МЕСОЗАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро соҳиб гардида  буд. Ҷолиби  таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати давлатҳое, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, ба таври алоҳида таъкид гардид. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари он мебошанд, ки мамлакати мо қадам ба қадам ба стратегияҳои қабулгардидаи худ ва ба иқтисодиёти босубот  мегузарад. Чунин изҳори назар намудааст сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Қузратзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Дар зер шакли пурраи андешаҳои муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони имрӯза дар вазъияти мураккаб ва ногувори экологӣ  қарор дорад. Масалан, дар асоси таҳқиқоти ин масъала маълум гардид, ки ҳамасола 2,24 млрд тонна партови сахти коммуналӣ истеҳсол шуда, 55 дарсади он дар иншооти назоратшаванда партофта мешавад. Ҳар сол тақрибан 931 миллион тонна хӯрокворӣ исроф мешавад ва то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад. Тақрибан 80 миллион тонна партови пластикӣ ба муҳити зист партофта мешавад. Набояд фаромӯш намуд, ки ҳар ҳодисаи иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯза ба якдигар дар як занҷира пайваст буда, кандашавии он боиси  мушкилоти дигар  дар самтҳои дигари ҳаёти башарият мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза буда, барои беҳдошти табиат ва ҳифзи муҳити экологӣ кӯшиш намуда, баҳри бартараф намудани оқибатҳои фоҷиаовари он талош меварзад. Ин талошҳо ба манфиати инкишофу тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ буда, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва системаи иқлим ба манфиати наслҳои имрӯз ва оянда мебошанд.

Тағйирёбии иқлим дар рӯйи Замин ва оқибатҳои манфии он боиси ташвиши умумии  башарият гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасвиби Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар соли 1998 ва қабули уҳдадориҳо ба муборизаи умумӣ бар зидди гармшавии глобалӣ ва оқибатҳои манфии он шомил шудааст. Дар ояндаи наздик метавон гуфт, ки аз рӯйи се нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гурӯҳи «мамлакатҳои сабз» дар ҷаҳон ворид намудан имконпазир мегардад.

  1. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ камтарин партовҳои CO2 ба ҳар сари аҳолӣ дорад, ки ҳамагӣ тақрибан 2−3% аз ҳаҷми умумии партовҳои CO2 дар минтақаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мамлакати мо аз рӯйи партовҳои газҳои гармхонавӣ (гулхонаӣ) дар ҷаҳон дар ҷойи 135-ум қарор дорад, ки саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар миқёси минтақавӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гармхонавӣ дар Тоҷикистон нисбат ба як нафар камтарин аст ва саҳми ин дар беҳбуди вазъи экологии минтақа ва сайёра хеле калон мебошад.
  2. Яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон об аст, ки беш 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Тибқи маълумот, ҳаҷми умумии захираҳои обии Тоҷикистон 46 км3, захираи об дар кӯлҳо, захираи об дар пиряхҳо 460 км3, захираи обҳои зеризаминӣ 6,6 км3 ва маҷрои дарёҳои солона 56,8 км3 дар як солро ташкил медиҳад.

Асоси энергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ ташкил медиҳанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар як сол 527 миллиард кВт/соат истеҳсол менамояд ва дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Канада дар ҷойи 8-ум ва аз ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Бо замми ин, 90 дарсади обҳои мавҷуда барқароршаванда буда, 80 дарсади соҳаи кишоварзӣ бо об таъмин мебошад.

3.Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёташ пайваста аз манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табиат истифода бурда, баҳри рушди босуботи оянда талош меварзад. Истифодаи густурдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пеш аз ҳама, неруи обӣ ба мо барои ба даст овардани чунин натиҷаҳо мусоидат менамояд. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқро аз ҳисоби неруи барқароршавандаи табиат истеҳсол менамояд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон  баҳри рушди иқтисодиёти босубот дар соли 2023 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037» таҳия ва қабул шуд. Инчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои Стратегияи қабулгардида пайваста барномаҳои самарабахш қабул  мешаванд, ки яке аз онҳо «Барномаи нави миллии Тоҷикистон таҳти унвони «мамлакати сабз» барои солҳои 2023–2027» мебошад, ки дар  беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ нақши  бориз мебозад.

Мақсад аз қабули чунин Барномаи миллӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки новобаста аз таъсири кам расонидан ба иқлими сайёра мебояд таъсири мусбати он якчанд  баробар зиёдтар бошад. Ҳамчунин тавассути афзоиш додани дарахтон ва сарсабзкунии минтақа он самаранокии иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро доро мегардад, чунки мубаддал гардидан ба «мамлакати сабз» бо экосистемаи худ чунин манфиатҳоро ба бор меорад:

–Ҳамеша тозаю озода гардидани боду ҳавои фазои мамлакатамон дар дилхоҳ фаслҳои сол. Боиси тазаккур аст, ки давоми як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120–280 кг гази карбон мегирад, ки дар ҳолати набудани ин гектар гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавиро зиёд месозад. Бунёди Ҷаҳонии Табиат таъкид менамояд, ки буридани ҷангалҳо дар ҳаҷми 10% сабаби умумии гармшавии глобалиро ташкил дода метавонад. Илова бар ин, нобудшавии ҷангал барои навъҳои гуногуни наботот ва ҳайвонот маънои аз даст додани манзили онҳоро дорад.

— Афзун намудани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақае аст, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шуставӣ ва лағжиши замин (ярч) ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин, дарахтон ва буттазор  заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об эмин нигоҳ дошта, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегарданд. Дарахтон ба гардиши об мусоидат менамоянд, агар дар он ҷое, ки дарахтон кам гарданд, борон дар он минтақа хеле кам  меборад. Як дарахт ҳар рӯз он қадар об хориҷ менамояд, ки таъсири хунуксозӣ дар натиҷаи ин раванд ба таъсири ду кондитсионери маъмулӣ давоми рӯз баробар аст.

–Макони мусоид барои сайёҳон. Дар «мамлакати сабз» на танҳо  ҷаҳонгардон сайругашт менамоянд, ҳамчунин онҳо саломатии худро барқарор месозанд. Мамлакати мо низ яке аз чунин давлатҳое ба шумор меравад, ки дар ин минтақа сайёҳон метавонанд манзараҳо ва табиати биҳиштосои моро тамошо намуда, саломатиашонро  барқарор  намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри боз ҳам беҳтар гардидани рушди экология ва ба «мамлакати сабз» табдил гардидан пайваста сармояҳои хориҷиро ҷалб созад.

АКС аз манбаъҳои боз