Дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Хатлон вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати муҳими рӯимизие аст, ки самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатро фаро мегирад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Левакант) баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Левакант ва омӯзгорону донишҷӯёни филиали донишгоҳ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки дар сиёсати Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва илм афзалияти бештар дода мешавад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон 14 декабри соли 2023 бинои нави таълимии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд. Бинои нави филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон