Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба, баргузории Рӯзҳои фарҳангии ду давлат ва самтҳои калидии ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии ҳамкорӣ иброз гардид, ки бо истифода аз фарҳангу маънавиёти муштарак муносибатҳои судманд ва рушди равобити фарҳангӣ боз ҳам тақвият меёбад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон