Намояндагони Вазорати фарҳанги Давлати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд

Имрӯз ҳайати намояндагони Вазорати фарҳанги Давлати Қатар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо  таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо мероси ниёгони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои нодири таърихӣ аз толорҳои «Асри санг», «Асри биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа, «Илму фарҳанги замони Сомониён», «Мардумшиносӣ», «Истиқлоли давлатӣ» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос гардиданд.

Ҳайати меҳмонон баъд аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ  дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон