Соли 2023 барои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО соли рушди назаррас ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол чанд номинатсияи алоҳида ва муштараки мамлакат, аз қабили «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас», «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ва «Ҷашни Сада» дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуданд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги бою рангини халқи тоҷик минбаъд низ ҳамкории густурдаро бо ЮНЕСКО тақвият дода, ёдгориҳои дигари таърихиву фарҳангиро ба ин ниҳоди бонуфуз пешниҳод менамояд. Вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода бо котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон мусоҳиба анҷом дод, ки манзури хонандагон мегардад.
АМИТ «Ховар»: Нахуст мегуфтед, ки раванди воридшавии номинатсияҳо ба ЮНЕСКО чӣ гуна амалӣ мешавад?
Зулфия Бурҳон: Раванди воридшавии номинатсияҳо ба ЮНЕСКО аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:
Марҳилаи якум. То 31 марти соли якум парвандаи номинавӣ ба Котиботи ЮНЕСКО супорида мешавад. Парвандаҳое, ки пас аз муҳлат дастрас мешаванд, дар даври оянда баррасӣ мешаванд.
Марҳилаи дуюм. То 30 июни ҳамон сол Котибот сабт намуда, парвандаро аз санҷиш мегузаронад. Дар ҳолати ҷой доштани камбудӣ аз кишвари муаллиф дархост мешавад, ки парванда такмил дода шавад.
Марҳилаи сеюм. То 30 сентябр давлат уҳдадор аст, ки норасоиҳоро бартараф намояд.
Марҳилаи чорум. Ин марҳилаи арзёбӣ унвон дорад. Аз декабри соли якум то апрели соли дуввум парванда мавриди арзёбии ниҳоди махсуси ЮНЕСКО қарор мегирад.
Марҳилаи баъдӣ (панҷум) ҷаласаи Ниҳоди арзёбии ЮНЕСКО ҷиҳати баҳодии ниҳоии парвандаро дар бар мегирад, ки ба моҳҳои апрел-июни соли дуввум рост меояд.
Ниҳоят, моҳҳои ноябр-декабри соли дуввум ҷаласаи кумитаи дахлдори ЮНЕСКО доир шуда, зимни он номинатсияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба шартҳои Конвенсия номинатсия қабул мегардад.
Раванди баррасии номинатсияҳои ёдгориҳои мероси фарҳангии моддӣ каме фарқ дошта, давлатҳо метавонанд то 30 сентябри сол ихтиёран парвандаи номинавӣ супоранд. Вале, муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди номинатсия 1 феврали соли минбаъдааш мебошад. Дар сурати то 1 феврал пешниҳод шудани номинатсия он аз ҷониби Котибот қабул шуда, то 31 марти соли аввал сабти ном мешавад. Аз моҳи апрел то моҳи майи соли дуввум номинатсия мавриди арзёбии ниҳоди дахлдор қарор мегирад.
Дар сурати арзёбии мусбат парвандаи номинавӣ ба баррасии кумита дода мешавад. Зимни иҷлосияи кумита дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба талабот расман қабул дониста мешавад.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар ин самт чӣ гуна фаъолият нишон медиҳад?
Зулфия Бурҳон: Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари фарҳангпарвару меҳанпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги ғанӣ ва таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ меандешад. Комиссияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти миллӣ, ҷалби мутахассисони дохилию хориҷӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳарчӣ бештар ворид намудани унсурҳои миллӣ ба феҳристҳои дахлдори ЮНЕСКО пайваста талош меварзад.
Имрӯз ҳар фарди мамлакатро зарур аст, ки дар ҳифз ва нигоҳдорию оламшумулгардонии фарҳангу тамаддуни миллӣ саҳм гузорад. Мо имрӯз ҳамагон уҳдадорем, ки таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат дастҷамъона амал намуда, ба хотири боз ҳам маълуму машҳур гардонидани фарҳанги беназирамон кӯшишҳои худро дареғ надорем.
Дар айни замон дар Феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО 15 ёдгории фарҳангию таърихии Тоҷикистон қарор дорад, ки инҳо мебошанд: Ҳулбук – пойтахти Хутали Қадим, Ёдгориҳои Шоҳроҳи Абрешим, Қаторкӯҳҳои Фон, Мамнуъгоҳи Кусавлисай, Мамнуъгоҳи Дашти Ҷум, Мамнуъгоҳи Зоркӯл, Мақбараи Амир Ҳамза Ҳасти Подшоҳ, Шаҳркадаи қадимии Тахти Сангин, Шаҳри қадимии Байтудашт IV, Мақбараи Хоҷа Машҳад, Маъбади буддоии Аҷина-Теппа, Мақбараи Хоҷа Нашрон, Шаҳри қадимии Панҷакент, Мақбараи Муҳаммад Башоро ва Шаҳри қадимии Шаҳристон (Қаҳқаҳа).
Дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ёдгории фарҳангию таърихӣ сабти ном шудаанд. Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ қариб 500 унсури миллии ғайримоддиро дар бар мегирад. Ин унсурҳо ёдгориҳое мебошанд, ки ба мо, тоҷикон, пайравони Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Ал — Хоразмӣ, Рӯдакӣ, Хайём, Ҷомӣ, Ҷалолуддин Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон, аз аҷдодонамон мерос мондаанд. Ҳамаи инҳо метавонанд дар оянда ба рӯйхатҳои дахлдори ЮНЕСКО шомил гарданд.
АМИТ «Ховар»: Воридшавии номинатсияҳои Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ба мамлакати мо чӣ бартарият медиҳад?
Зулфия Бурҳон: Нахуст мехостам ҳаминро донем, ки ҳадафи омодасозии номинатсия чӣ аст? Яъне, он ворид намудани ягон унсур ба феҳрист аст. Унсури миллӣ нишондиҳандаи ҳастии миллӣ ва фарҳанги ғанӣ мебошад. Дар даврони бархӯрди тамаддунҳо ҳар давлат кӯшиш менамояд, ки таъриху фарҳанги худро намоёну рангинтар нишон бидиҳад.
Воридшавии номинатсияҳои миллӣ ба феҳристҳои ЮНЕСКО, пеш аз ҳама, ба мамлакати мо дилпазирӣ меорад. Он имконият медиҳад, ки мардуми сайёра бо фарҳангу таърихи мо аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин воридшавии номинатсияҳои миллии мо ба ЮНЕСКО шароит фароҳам меорад, ки унсурҳои миллӣ зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифта, беҳтар ҳифз шаванд. Дар баробари ин, воридшавӣ метавонад ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат низ мусоидат намояд.
АМИТ «Ховар»: Нақши Тоҷикистонро дар ҳифзи ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Зулфия Бурҳон: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ талоши доимӣ дорад. Ҳамзамон давоми солҳои охир зери сиёсати фарҳангдӯстона ва тамаддунпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии мамлакатро муяссар гардид, ки якчанд созишномаҳои бисёрҷонибаро бо вазорату идораҳои марбутаи давлатҳои меросдори “Роҳи абрешим” ба имзо расонад, ки он барои ҳифз ва тарғиби мавзеъҳои таърихии мамлакат хизмат менамояд. Сиёсати “дарҳои боз” – и Тоҷикистон ба Комиссия имкон дод ки ҳамкории бисёрсамтаро бо кумитаву идораҳои гуногуни ЮНЕСКО ва комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и кишварҳои ҷаҳон амалӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар роҳи ба ҳам овардани давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад, зеро Комиссияи миллии мамлакат ташаббусгари машваратҳои байниидоравии намояндагони комиссияҳои миллии ЮНЕСКО-и давлатҳои аъзои ИДМ мебошад. Машварати гуфташуда солона баргузор гардида, барои ҳамоҳангсозони миллӣ дар ҳифз ва тарғиби мероси башарият ҳамчун минбар хизмат мерасонад.
Албатта, мамлакати мо дорои мероси моддӣ ва ғайримоддии ғанӣ аст, ки дар феҳристи гунонуни ЮНЕСКО ҷойгоҳи худро дорад ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи ин мавзеъҳо ва унсурҳо, барномаҳои давлатӣ, аз қабили “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021 — 2025” — ро қабул намудааст, ки онҳо барои ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ дар дохили давлат мусоидат менамоянд.
Ҷанбаи дигари ҳамкории мо- ин пешниҳоди санаҳои хотирмон ба Комиссияи байнисоҳавии интихоботӣ оид ба ҷашнвораҳо ва солгардҳои хотирмони ЮНЕСКО мебошад, ки ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он фаъол аст. Аз ҷумла, 2 номинатсияи мамлакат оид ба таҷлили ҷашнвораи ашхос ва солгарди таърихӣ, аз қабили 1050- солагии олими барҷаста Абурайҳон Берунӣ ва 2500-солагии шаҳраки “Тахти сангин” қабул гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Аз рӯйи раддабандии шумораи номинатсияҳои қабулгардида дар ЮНЕСКО Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дигар давлатҳои ҷаҳон мақоми чандумро мегирад?
Зулфия Бурҳон: Тавре маълум аст, дар саҳифаи расмии Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба таври доимӣ феҳристҳо бозбинӣ шуда, мавзеъҳои нав ворид ва ё ихтисор низ мегарданд. Бинобар ин раддабандии амиқе вуҷуд надорад, зеро дар созмон аз рӯйи Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ (соли 1972) ва инчунин Конвенсия оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ (соли 2003) номинатсияҳо барои вуруд ба якчанд рӯйхат баррасӣ мегарданд.
Аз ҷумла, феҳристи мероси табиӣ, таърихӣ, ғайримоддӣ, Феҳристи таҷрибаи беҳтарини ҳифз ва Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии эҳтиёҷ ба ҳимоя вуҷуд доранд. Бояд гуфт, ки аз ҳама феҳристҳои бузург- ин Феҳристи моддӣ ва ғайримоддӣ мебошанд, ки тибқи конвенсияҳо, феҳристи аввал 10 ва феҳристи дуввум 5 талаботи арзиши умумӣ доранд, ки барои ҷой додани мавзеъ ва ё унсур номинатсия бояд ҳадди ақалл ба 1 ва 3 талабот ҷавобгӯ бошад.
Бояд иброз намуд, ки соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 номинатсияи худро ба феҳристҳои марбутаи ЮНЕСКО ворид намуд, ки аз он 3 парванда номинаи миллии мамлакат мебошанд. Чунин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта нишондиҳандаи фаъолшавии мамлакат дар ЮНЕСКО мебошад. Яке аз номинатсияҳои гуфташуда номинатсияи муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” мебошад.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва пайванди насли имрӯза бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии Сада ва Меҳргон қонунан эҳё гардиданд. Бинобар ин, парвандаи номинаи “Меҳргон” низ барои баррасӣ дар соли 2024 ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи ғайримодди ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.
Мояи ифтихори мо аст, ки номинатсияҳои миллии мамлакат, аз қабили “Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Анъанаи бофтани атласу адрас” ки хоси занони тоҷик мебошанд, ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомил шудаанд. Дар баробари ин, дастоварди дигари мамлакат- ин шомил шудани номинатсияи муштараки “Роҳи абрешим: долони Зарафшон — Қайроққум”- фарогирандаи мавзеъҳои таърихии Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ба Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО мебошад, ки 17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Номинатсияи фаромиллӣ ҳамкории бисёрҷониба талаб намуда, барои омода намудани созишномаҳо вохӯриҳои ҳамоҳангсозон тамоси доимӣ бояд дошт. Коркарди номинатсияи муштараки “Роҳи абрешим: долони Зарафшон — Қайроққум” ҳанӯз аз вохӯрии аввали ҳамоҳангсозон соли 2018 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия оғоз гардида буд.
Нишондиҳандаи ҳамкории судманди мо парвандаи силсилавии дигар таҳти унвони “Роҳи Абрешим: долони Фарғона-Сирдарё” мебошад, ки қаламрави ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро фаро гирифтааст. Ҳоло ин парванда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таърихию фарҳангии қалъаи Хуҷанд, оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, шаҳраки Бунҷикат, петроглифҳои ноҳияи Ашт, мадрасаи Абдулатиф Султон, дахмаҳои Куркат ва маҷмааи Ҳазрати Шоҳро дар бар мегирад. Номинатсия ҳоло мавриди коркард қарор дошта, ният дорем, ки соли 2024 онро барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод намоем.
АМИТ «Ховар»: Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Зулфия Бурҳон: Мо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО — ро хеле хуб арзёбӣ менамоем. Тавре медонем, соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шудааст ва соли 2023 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷӣ ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии ҳамроҳшавии мамлакат ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо иштироки Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Амир Пирич ва намояндагони дигар вазорату идораҳои мамлакат ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд.
Илова бар ин, Комиссияи миллӣ давраҳои омӯзиширо бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ баҳри рушди иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳо, ки аз дигар минтақаҳои мамлакат даъват мегарданд, баргузор менамояд. Ҳадаф аз танзими ин гуна чорабиниҳо таҳкими абзорҳои ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихии мамлакат ва тарғибу ташвиқи он ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ мебошад. Зимни он иштирокдорон дар бораи механизмҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, маълумоти бештар мегиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, инчунин дар сатҳи шоиста ташвиқу тарғиб намудани онҳо пайваста ҳидояту роҳнамоӣ менамоянд, ки ин таваҷҷуҳи махсус ва назорати роҳбарияти олии ҷумҳуриро дар ин масъала ифода менамояд. Тоҷикистон дар масири ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба татбиқи иқдом дар ҷодаи ҳифз ва пойдории сулҳу равобити дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон тавассути илму маориф ва фарҳанг аҳамияти махсус медиҳад, зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили эҳёи фарҳанг, забон ва таърихи миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ин зимн, мо бо истифода аз абзори ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ЮНЕСКО, аз ҷумла ба василаи баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва гузаронидани пажуҳишҳои муштараки илмию амалӣ баҳри ҳифзи мерос ва дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ, инчунин муаррифии ҳадафмандонаи онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам саъю талошҳо анҷом медиҳем.
Зимнан, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО давоми 30 соли ҳамкории созанда бо ин ниҳод ва саъю талошҳои мудовим мавзеъҳои зиёди антиқию таърихӣ, осори нобиғагони илму адаби тоҷик ва эҷодиёти нотакрори санъати миллиро ба феҳристҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ ворид намудааст.
Тавре қаблан изҳор намудам, то имрӯз номинатсияҳои зиёди мамлакат ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ворид шудаанд ва баъзеи онҳо дар баррасӣ қарор доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ин созмон сол ба сол густариш меёбад.
Мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо сарварии шахси хирадманд ва дурандеш- Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ номинатсияҳои бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин созмон ворид мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»