ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ АЗИМТАРИН ИНШООТИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд.   

Гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ 

Бо назардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин намуда наметавонад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуда буданд. Дар ин роҳи душвору заҳматписанд, вале пуршараф мо марҳила ба марҳила ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем, ки инро тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд.

Тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар ҷумҳурии мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ намудани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — сарпарасти маънавии НБО-и  «Роғун»

Ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии ҷумҳурӣ тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо, мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои иқтисоди «сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда, дастгирии раванди ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имконияти мавҷуда, таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба мамлакатҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккули бозори минтақавии неруи барқ аз нишондиҳандаҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ мебошад.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрӯз ин орзу, ки ба кӯҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар месозад. Ин неругоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии бунёди ин иншооти бузург буда, оғози кори онро басе хушоянд ва пурҷило ба ҳамагон таҳният мегӯяд.

Созандагӣ яке аз идеяҳои миллии тоҷикон аст ва сохтмони «Роғун»-ро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид. Дар бораи «Роғун» хеле зиёд гуфтанду мегӯянд, вале ёд меояд, ки расо 15 сол муқаддам, зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба як нуктаи хосса ишора намуда буданд ва аз ҷумла, таъкид доштанд: «Руҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусияти хос ва асил аст. Ин неру бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гӯшту нохун пайванд ёфтааст».

Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пайваста аз фаъолияти кормандони ин иншооти бузурги ҷаҳон ошнои пайдо намуда, барои болидаруҳии онҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор менамоянд.

1 ноябри соли 2023 бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фаъолони вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтумонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Дар ин сафар зиёда аз 125 нафар, аз ҷумла намояндагони Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисон ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, олимон, аҳли адабу ҳунар иштирок ва бо мавзеъҳои иншооти НБО-и «Роғун» шинос шуданд.

Дар вақти сафар ба сохтмончиён як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ расонида ва инчунин ба сохмончиёни ин иншооти азим чорабинии фарҳангӣ аз ҳисоби ҳунармандони вилояти Хатлон барои болидаруҳии сохтмончиён манзур гардид.

Табиати пур аз барқ 

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш ҷой гирифта, дар силсиланеругоҳҳои ин рӯдхона чорум буда, аз шаш агрегат иборат аст, ки ҳар кадоми он бо иқтидори 600мВт- ҳар сол 13,3 миллиард киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол менамоянд, ки ба ҳисоби нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 миллиард фоидаи соф меорад.

Шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ дар инҷо сохтани неругоҳҳои барқӣ-обӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон камхароҷот аст.

Захираҳои обии Тоҷикистон пиряхҳо буда, онҳо дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ хобидаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки аз захираҳои табиӣ бой буда, онро дар истеҳсолот фаровон истифода мебаранд. Дар ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли қувваи барқ Фаронса, Австралия, Канада ва Русия дар зинаҳои баланд қарор доранд.

Дар якчанд мамлакатҳо, аз ҷумла, Русия, Эрон, Олмон, Чин, Фаронса ва дигар давлатҳо барои истеҳсоли қувваи барқ, аз неруи ҳастаӣ истифода менамоянд. Коршиносон мегӯянд, ки барқи ҳастаӣ ҳам нумӯи зироати кишоварзӣ ва ҳам муҳити экологии зистро заҳролуд месозад. Давлатҳое, ки тавассути истгоҳи ҳастаӣ барқ истеҳсол менамоянд, мисли мо шароит ва имконияти барқистеҳсолкунӣ надоранд.

Бояд гуфт, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон обро то 3 маротиба тоза намуда, баъд аз он истифода мебаранд. Масалан, барои истеъмоли об дар давлатҳои араб аз чунин табирҳо истифода мешавад. Чунки дар он давлатҳо оби нӯшокӣ хеле кам аст. Бинобар ин якчанд фоизи маблағи буҷет барои ин соҳа масраф мегардад. Зарур ба ёдоварӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин технология эҳтиёҷ надорад. Яъне оби Тоҷикистон аз қаторкӯҳҳо ҷорӣ шуда, ҳоҷат ба корбурди технологӣ надорад. Барои ҳамин мо бояд оид ба қадри об ва тарзи истифодаи он маълумот дошта бошем.

Миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ифтихор намоянд, ки аз сарчашмаи оби ҷаҳон истифода мебаранд, яъне ба қавли бузургон, «гули обро» менӯшанд. Ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон давлатҳо каманд, ки дар саргаҳи об бошанду аз лаззати об истифода баранд….

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калонтарин, бо шумули Панҷ-921км, Вахш-524км, Сир-185км, Кофарниҳон-387км, Зарафшон-306км, Аму-65км, Бартанг-Мурғоб-491км, Ғунд-296км мебошанд, ки солҳои дароз ҷорӣ шуда, миллионҳо гектар заминҳои минтақаро шодоб мегардонанд. Аҳолӣ ва корхонаву идораҳо низ аз ин неъмати бебаҳо истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ 5-6 фоизи оби ҷумҳуриамонро истифода мебарему халос. Дар маҷмуъ 65 фоизи оби баҳри Аралро обҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва боқимонда барои эҳтиёҷи давлатҳои ҳамсоя масраф мешавад.

Рушди соҳаи энергетика 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, ки яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба шумор меравад, тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ неругоҳи барқи обӣ фаъолият доранд. Инчунин бо супориши Президенти Тоҷикистон дар деҳоту ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат ҳар сол неругоҳҳои хурд сохта, ба истифода дода мешаванд.

 «Роғун»-рушди иқтисодиёти миллат аст 

Дар навбати аввал Пешвои миллат ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, гуфтанд, ки ин иншооти бузургро мо худамон месозем. Дар ин навбат саҳмия ташкил намуданд, ки саҳми ҳар шаҳрванд дар бунёди он мебошад. Ин неругоҳ бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат, фурӯши саҳмия ва қоғазҳои қиматнок марҳила ба марҳила бунёд мешавад.

Тоҷикистон обанбор ва неругоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд намудани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад.

Аз ин лиҳоз, бунёди неругоҳи «Роғун» набояд боиси ташвишу изтироби мамлакатҳои поёноб бошад.

Соли 2010 байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани экспертизаи байналмилалӣ лоиҳа имзо шуд. Соли 2010-2012 Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи «Роғун» мутахассисони олиро ҷалб намуд. Дар ин муддат тамоми паҳлуҳои неругоҳро ташхис намуда, ба хулоса омаданд, ки неругоҳ аз ҷиҳати заминҷунбӣ ва геологӣ ягон мушкилӣ надорад ва ба он баҳои хуб доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба сарварони давлатҳои минтақа дар ин хусус иттилои расмӣ додаанд.

Аз оғози сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» 6 сол сипарӣ шуд. 29 октябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана иштирок намуда, савори булдозер, расо якуним соат бо пеш намудани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз намуданд ва обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии  «Роғун» оғоз бахшиданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин иншооти стратегӣ амалӣ шуда, ҳадафаш ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан- мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».  

Сарбанди «Роғун» — баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон 

Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ба силсилаи иншооти энергетикии Вахш дохил буда, дар километри 110-уми шарқи Душанбе воқеъ аст. Неругоҳ аз 6 агрегати 600 МВт иборат буда, сарбанди «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ҷумҳуриамон бо барқ пурра қонеъ гардида, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такон бахшида шавад.

НБО «Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавию байналмилалӣ дошта, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун ҷумҳурии содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад мамлакатҳои ҳамҷавор ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори «Роғун» ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об истифода мешавад.

Ҷойгоҳи волои Пешвои миллат дар бунёди «Роғун» 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сохтмони неругоҳи «Роғун» буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ саъю талош менамоянд. Сохтмони «Роғун» таҳти назорати  Президенти ҷумҳурӣ қарор дошта, борҳо зимни сафарашон ба шаҳри «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим шинос гардидаанд. Моҳи сентябри соли 2005 Пешвои миллат дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ иштирок намуда, гуфта буданд, ки «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Давоми солҳои 2006-2016 қариб ҳар сол бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ Президенти мамлакат силсилабоздидҳо ба Роғун анҷом дода, ба масъулин дастуру супориш медоданд. 16 ноябри соли 2018 дар маросими тантанавӣ агрегати  якум ва моҳи сентябри соли 2019 агрегати  дуюми «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузург оғоз бахшиданд. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, сайёҳӣ мусоидат намуда, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд. Имрӯзҳо бо саъю талоши Пешвои миллат сохтмони неругоҳи «Роғун» босуръат идома дорад, ки бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари давлат аст. 

Бунёди «Роғун»- намунаи беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ 

Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун» бо ҷалби ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ,  коргарону муҳандисон ва техникҳо идома доранд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллии бонангу номус бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ меҳнат намуда, саҳми худро дар радифи мутахассисони хориҷӣ дар бунёди неругоҳ мегузоранд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба ин неругоҳ руҳияи коргарону мутахассисонро болида намуда, онҳо ҳидоятҳои Сарвари давлатро барои босифат анҷом додани кор дар ин иншооти стратегӣ сармашқи кори худ қарор додаанд. Сохтмончиёни ин иншооти бузург дар ин саҳнаи нангу номуси миллӣ заҳмати созанда, шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон медиҳанд. Неругоҳи «Роғун» ба майдони бузурги мардонагӣ, ба камол расонидани мутахассисони соҳаи энергетикаи тоҷик табдил ёфта, намунаи барҷаста ва беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ аст.

«Роғун»- беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ 

Неругоҳи «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад. Он инчунин ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи CASA–1000 ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Бо ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он неругоҳ метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад. Корҳои сохтмонӣ дар дигар агрегатҳои неругоҳ идома дошта, марҳила ба марҳила бо ҷаҳду талоши муҳандисону сохтмончиён мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Имрӯз «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус, арсаи фидокории мардум ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Бо пурра ба истифода додани неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад.

Дар байни иншооти мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки неругоҳи барқ истеҳсол менамоянд, неругоҳи «Роғун» аз ҷиҳати иқтисодиву экологӣ афзалияти калон дорад.

ü Иншооти бузургтарине аст, ки истифодаи маҳсулоти он чӣ дар шакли неруи барқ, чӣ дар шакли танзим ва баланд намудани кафолатнокии обтаъминкунии заминҳои бекорхобидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ арзонтару судмандтар ва аз ҷиҳати экологӣ ба мақсад мувофиқ буда, ба нафъи манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа хизмат менамояд.

ü Иншооте аст, ки ба кор андохтани он амалӣ шудани натиҷаи саъю кӯшиш ва меҳнати зеҳнии даҳҳо ва садҳо олимону мутахасисонро ифода менамояд;

üИншооте аст, ки ҷараёни сохтмони он мутахассисони мухталифи даҳҳо давлатҳоро гирд оварда, сатҳи ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқоти истеҳсоливу саноатии онҳоро баланд бардошта, дар рушд ва вусъати муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ саҳми арзанда мегузорад, садҳо ҷавонон ихтисосу тахассусҳои мухталифро аз худ намуда, соҳиби ҷойи кор мешаванд;

Неругоҳҳои барқи обӣ — ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошанд.

Неругоҳҳои барқи обӣ — воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад

Неругоҳҳои барқи обӣ — иқтисодиёти давлат, миллат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди иншооти барқӣ ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аст, ки аллакай якчанд давлатҳои дуру наздик барои сармоягузорӣ ба неругоҳҳои барқи обии Ҷумҳуриии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Чунки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бовар кунониданд, ки неругоҳҳои барқи обӣ на фақат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд, балки барои ҳамсоямамлакатҳо низ қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва бехатарро бо нархи дастрас интиқол медиҳанд.

Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст.

Неругоҳ бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё мояи ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик мебошад, зеро он барои садсолаҳо барои тоҷикистониёну минтақа бунёд ёфта, омили рушд ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардум мегардад.

Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди ин иншооти бузург назир надорад.

Абдураҳмон ХОНЗОДА,
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Салим САЙВАЛИЗОДА,
 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб