Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» ҷамъбаст гардида, беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардонидани буҷети пойтахти мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» аз рӯйи 16 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерубахши ин муҳаррик ҳастанд. Ин аст, ки дар мамлакат барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд. Озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа доир гардид. Ҳамзамон ҳадафи озмун таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ намудани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Дар фарҷоми маросим намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ шудан онҳоро ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд.
Дар интиҳо ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе