Соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад

Аввалҳои соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2022 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Озмуни мазкур 1 апрели соли 2024 ҷамъбаст гардида, он ба муносибати қабул гардидани «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба феҳристи осори фарҳанги ғайримодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО бахшида шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 номинатсияи муштараки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд. Оид ба расман ворид гардидани номинатсияи мазкур 1 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш баргузор шуд, эълон гардид.

Номинатсияи «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

Хоҷа Насриддин, Мулло Насриддин, Насриддин Афандӣ — қаҳрамони латифаҳои тоҷикӣ мебошад. Бо ин ном дар адабиёти хаттии тоҷик низ латифаҳои зиёде эҷод шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз