Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» шинос шуданд

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бунёд мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.

Мототсиклҳои истеҳсоли корхона барои хоҷагидорон, сохтмончиён ва дигар табақаи аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Аз рӯйи нақша корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунии Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” тариқи навор шинос гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкури 120 тонна маҳсулот дар як солро ташкил намуда, дар он 30 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.

Таҷҳизоти коргоҳ аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифодаи он 20 намуди меваҷот хушконида мешавад.

Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр босифат истеҳсол шуда, барои содирот мутобиқ бошад.

Маҳсулоти хом, аз ҷумла зардолу, олу, олуи сиёҳ, себ, нок, олуча, ангур, хурмо ва дигар меваҷот тариқи шартнома аз аҳолӣ харидорӣ мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.