Дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод, ки дар ҳошияи форуми байналмилалии «Муколама-кафили сулҳ» доир гардид, гӯшаи Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар гӯша асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи тарғиботии соҳаҳои сайёҳиву сармоягузорӣ ва китобҳо доир ба таъриху тамаддуни мардуми куҳани тоҷик ба намоиш гузошта шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, асарҳои кулолӣ, асбоби мусиқӣ, аксу мусаввараҳои маконҳои дилфиреб ва таҷассумгари мамлакат ва анвои ширинию қаннодии анъанавӣ пешкаши меҳмонони хориҷӣ гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ иштирокчиёни намоишгоҳ бо маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ ва ғайра шинос шуда, ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон