Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд.
Ба иттилои сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев, намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин толорҳои намоишии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-ро тамошо намуданд. Бо меҳмонон аз ҷониби роҳбаладони муассиса сайри осорхонавӣ гузаронида шуда, тавассути нигораҳои нодир ба онҳо таърих, тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик муаррифӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади иштирок дар нишасти 4-уми техникии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон