Тавре ба мушоҳида мерасад, давоми се соли охир теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ба тамошои мавзеи ниҳоят зебои сайёҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон — Чилдухтарон меоянд, меафзояд. Агар як сабаби ин афзоиш мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бошад, сабаби дигари он ифтитоҳи роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» аст, ки моҳи сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардиданд. Шарҳи бештари АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.
Бо дастури Сарвари давлат аз тарафи масъулини ширкати «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» дар оянда бо истифода аз боду ҳавои нотакрори ин мавзеъ марҳилаи дуюми Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бунёд мегардад. Сохтмони марҳилаи дуюми ин маҷмаа барои ҷалби таваҷҷуҳи аз ин ҳам бештари сайёҳон ба ин мавзеъ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар дохили маҷмаа меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули 100 нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҳамин мавзеъ ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд шудааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳамаи шароит фароҳам аст.
Дар маҷмӯъ бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.
Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара ҷойгир аст, ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст. Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он «Қабри Сӯҳроб» ном ниҳодаанд. Ҳамасола ба зиёрати он садҳо нафар сайёҳони дохилу хориҷӣ меоянд. Каме дуртар аз ин мавзеъҳо, дар деҳаи Ҷавзодара, дар масоҳати 7 гектар «Бозори Зелолак» ҷойгир аст, ки ба асрҳои V–VI тааллуқ дорад.
Тавре иброз гардид, бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» барои амалӣ гардидани орзуи сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидат фароҳам оварда шуд. Қабл аз ин барои расидан ба ин мавзеъ роҳҳои ноҳамвору пур аз хоки он мушкилии бисёр эҷод менамуд. Акнун сайёҳони дохилию хориҷӣ бе ягон мушкилӣ ба ин мавзеъ меоянд.
Шуруъ аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи мазкур оғоз гардида, бо дароозии 12 километр ба анҷом расонида шуд.
Бунёди ин қитъаи роҳ орзуи деринаи бошандагони қариб 20 деҳаи ин мавзеъ аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.
Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ имкониятҳои фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳангии пурғановат мардуми тоҷик шинос хоҳанд шуд.
Роҳи нав аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон, ки дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳои назаррабо мегузарад. Ин масир василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба рушду инкишофи минбаъдаи ин минтақаи зебои Тоҷикистон замина хоҳад гузошт.
Роҳи мошингард бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофиаш оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои мавҷудаи сайёҳӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокинони кӯҳистон ҷойи нави корӣ муҳайё месозад.
Сарвари давлат дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи «Қадамҷойи Пешвои миллат» –ро ифтитоҳ намуданд.
Ин макон аз як манораи муҳташам иборат буда, аз он ҷо тамошои ин минтақаи дилфиреб имконпазир аст. Дар атрофи Кохи сайёҳӣ бунёдгарони иншоот ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинониданд. Гулу буттаҳои ҳамешасабз ба ин мавзеъ зинати дигар зам намудааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одамшаклеянд, ки асрори хоссаи худро доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.
Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.
Дар ноҳияи Мӯъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст. Захираҳои табиии ноҳия хеле зиёд буда, 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ шиносоӣ шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидааст, ки барои рушди сайёҳии шикорӣ хеле мусоид аст.
Инфрасохтори сайёҳии ноҳия 8 мавзеи таърихӣ, 4 меҳмонхона, 14 гестҳаусу ҳомстейҳо, 1 ширкати сайёҳӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 1 чойхона, 2 тарабхона, 48 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 3 нуқтаи фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, 1 маркази иттилоотӣ 4 осорхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, фарҳангию фароғатӣ, 4 нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳиро дар бар мегирад, ки дар хизмати меҳмонони дохиливу хориҷӣ қароро доранд.
Дар ноҳияи Муъминобод «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» таъсис дода шудааст, ки ҳар нафар метавонад аз он васеъ истифода барад. Инчунин дар маркази иттилоотӣ барои сайёҳон хайма, радио, хати об, харитаи сайёҳӣ, рахти хоб ва хатсайри ноҳия ройгон пешниҳод карда шудааст.
Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад.
Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар он инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз