НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд

 5 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

Иҷлосия то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, дар он намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба  Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон