Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад

Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ коргоҳи  истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад. Корхонаи мазкур  аз ҷониби соҳибкори муваффақ Нигина Ватанбекова бунёд гардида, моҳи августи соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Нигини Хоруғ».

Коргоҳи  мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он аз 33 намуд гиёҳҳои шифобахш беш аз 65 номгӯйи доруворӣ тайёр  карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона марҳила ба марҳила  зиёд гашта,  ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин коргоҳ 30 нафар шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ  таъмин карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд буда, дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Тибқи иттилои масъулин, дар Тоҷикистон  зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»