2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои ду ҷониб минбаъд низ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла маблағгузории лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон босамар идома хоҳад ёфт.
Нақши Бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо назаррас маънидод гардид.
Бо дарназардошти раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳамаи ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон изҳори умед карда шуд, ки ба тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо аҳамияти хоса хоҳанд дод.
Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.