Наздик ба бист нафар ҳунармандони соҳаи атласу адрас ва матоъи Тоҷикистон дар радифи намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар Фестивали панҷуми байналмилалии «Аtlas Bayrami» /«Фестивали атлас»/, ки дар шаҳри Марғелони Ӯзбекистон доир гардид, иштирок намуданд.
«Фестивали атлас» бо ташаббуси Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Хазинаи нуфуси СММ, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», Ҳокимияти вилояти Фарғона ва шаҳри Марғелон гузаронида шуда, ҳадафаш ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соҳаи нассоҷии анъанавӣ ва рушди соҳаи ҳунарҳои дастӣ мебошад.
Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон доир гардид. Ҳунармандони тоҷик дар бахши адрасу атласбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, инчунин пиллапарварӣ ва тарроҳии либоси атласу адрас маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузошта, муаррифӣ намуданд.
Инчунин дар чаҳорчӯби фестивал дар шаҳри Марғелон Осорхонаи таърихӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он маҳсули дастии хунармандон аз тамоми ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд. Аз Тоҷикистон маҳсули ҳунари устои читгар Мирамин Саидов муаррифӣ гардида, бо Ҷоизаи «Фестивали атлас» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи «Фестивали атлас» вохӯрии B2B миёни ҳунармандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи атласу адрас ва пилла баргузор гардид, ки ба рушди ҳамкории минбаъдаи ҳунармандони ду кишвари ҳамҷавор мусоидат менамояд.