Шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин мустақиман пайваст мешаванд

Дар ояндаи наздик пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад, ки ин барои Тоҷикистон дар соҳаи алоқа аҳамияти муҳим дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма» амалӣ мегардад.

Бо мақсади ҳарчи зудтар анҷом додани пайвасти мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои корҳои амалӣ босуръат идома доранд.

Бояд гуфт, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет мегардад. Инчунин аҳамият ва иқтидори транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳуриро боло бурда, бунбасти коммуникатсиониро аз байн мебарад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ насб менамояд.

Дар ин хусус байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тафоҳум оид ба насби ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда ба даст омадааст.

Ин тафоҳум имкон медиҳад, ки шоҳроҳҳои магистралӣ ва минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ таъмин гарданд.

Дар баробари ин, бо насби ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ дар ин гуна роҳҳо дараҷаи эътимоднокии хатҳои алоқаи барқии магистралии байнишаҳрию байналмилалӣ боло бурда мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон