Рӯзи дарҳои кушод дар Осорхона миллӣ

Бо ташаббуси роҳбарияти Осорхона миллӣ шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхона Рӯзи дарҳои кушод роҳандозӣ мегардад, ки ба ин васила шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат имконият пайдо мекунанд то аз таърих, тамаддун ва фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик бохабар гарданд.  

Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур низ ин пеш аз ҳама, шинос гардидани шаҳрвандони мамлакат бо таъриху тамаддун, ёдгориҳои таърихии кишвар марбут ба асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадимӣ ва санъати нотакрори миллати тоҷик мебошад. Дар ин рӯз дар баробари кормандони касбу кори гуногун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар вақтҳои фориғ аз дарс низ аз имконияти фароҳамгардида истифода намуда ба тамошои осорхона омаданд.

Мавриди зикр аст, ки Осорхонаи миллӣ зодаи давраи соҳибистиқлолӣ буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Дар ин даврон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ 2658 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳдо гардидаанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ ва осорхонавӣ доранд. Бо истифода аз ин ашёи муҳим дар Осорхонаи миллӣ «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шудааст, ки дар доираи баргузории Рузи дарҳои кушод, ки бахшида ба “Рӯзи Президнти Ҷумҳури Тоҷикистон” роҳандозӣ гардид,  ҳар нафаре, ки дар ин рӯз дар Осорхона ҳузур дошт  аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои  онҳо дар «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар гӯшаҳои намоишӣ экскурсияҳо гузаронида шуданд.

АКС Аз сомонаи Википедия