Таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ

Таҷлил аз “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари мавҷудияти мансаби олии давлатӣ, ҳамчунин арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати тоҷик мебошад. Вобаста ба ин саннаи муҳим дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо хондани суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардида, дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндагон аз Маркази миллии қонунгузории  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Нахуст роҳбарияти кумита суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии шахси нексиришт ва бунёдгузоре чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муттаҳид гашта, ба комёбиҳои беназар ноил гардидаанд. Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ низ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.

Дар пайравӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар, мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар раддабандиҳои ҷаҳони мақому ҷойгоҳи хоссаро касб намудааст. Мақоми аввалро соҳиб гардидани Тоҷикистон зимни  назарсанҷии Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ исботи ин гуфтаҳо мебошад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон