Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шахсон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ Озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Бо ин ҷоиза шахсон барои:
дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузории беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотӣ)-и беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ ва дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамзамон барои дарёфти ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин: дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ; санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад; ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (тадқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ; дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонроо пешниҳод менамоянд.
Ба маълумоти иштирокчиёни озмун расонида мешавад, ки як муаллиф (гурӯҳи муаллифон) метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.
Инчунин барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул намешаванд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 ё ин ки тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намоянд.
Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ то 15 феврали соли соли 2024 муқаррар шудааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон