Дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадорӣ аз Ҷумҳурии Туркия даври омӯзишӣ оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Машғулият бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани касбияти масъулини нуқтаҳои хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» ва лоиҳаи «Тарбияву таълими ҷавонон ва бокортаъминкунии онҳо» ташкил гардид.
Машғулият то 18 ноябр дар донишгоҳ баргузор шуда, довталабон баъд аз анҷоми он бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд. Аз рӯи нақша, дар даврҳои омӯзишӣ 557 нафар кормандони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои мамлакат, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 427 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва инчунин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 130 нафар иштирок намуда, ба онҳо 4 ихтисос, аз ҷумла «Хизматрасонӣ дар тарабхона», «Азхудкунии касби Бариста», «Азхудкунии гастрономия ва пухтупаз» ва «Идоракунии тарабхона» омӯзонида мешаванд.
Кумита ҷиҳати баргузории машғулият ва баланд бардоштани хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо истифодаи таҷрибаи пухтупаз, хизматрасонӣ ва тарабхонадории Ҷумҳурии Туркияро ба мақсад мувофиқ шуморида, 4 нафар ровиёни дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадориро аз Ҷумҳурии Туркия даъват намуд.
Баргузор намудани чунин машғулияти кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, ба ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон