Бинобар андешаи мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба низом даровардани рушди сайёҳӣ дар мамлакат, ин соҳаи манфиатнок метавонад дар солҳои наздик 25% даромади Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Тибқи омори байналмилали аз 1/3 қисми аҳолии сайёраамон имрӯзҳо хоҳиши ҳамешагии саёҳат доранд. Бар замми ин фаъолияти зиёда аз 250 миллион нафар аҳолии ҷаҳон бо ин ё он андоза ба доираи сайёҳӣ марбут аст. Инчунин беш аз 15 мамолики олам рушди иқтисодиёти худро бевосита ба ин соҳа вобаста медонанд. Ҳамзамон даромади ин гуна давлатҳо аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ нисбат ба содироти мол 4,5-5 маротиба бештар мебошад. Мутобиқи пешгӯйиҳои яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар нимаи аввали ҳазорсолаи нав теъдоди сайёҳони ҷаҳон ба1 миллиарду 600 миллион нафар мерасанд. Зеро дар солҳои минбаъда соҳаи сайёҳӣ ба яке аз манбаъҳои даромади соф мубаддал хоҳад гардид.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари беназир ва инчунин дорои захираҳои зиёди сайёҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба манбаъҳои мухталифи мусоидаткунанда ба ташаккул ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад, ки яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва аз ҳама устувортар соҳаи сайёҳӣ ва туризм мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз