Ҳазорон парвоз дар фурӯдгоҳҳои асосии пойтахти Фаронса шаҳри Париж бинобар сабаби такмил додани системаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоии дар онҳо дар моҳҳои январ ва феврал бардошта мешаванд.
Идоракунии ҳаракати ҳавоии фаронсавӣ дар айни замон дар системае кор мекунад, ки дар солҳои 1970 таҳия шудааст. Бинобар афзоиши босуръати ҳаракати ҳавоӣ, дар аввали соли 2024 таъмири асосӣ ба нақша гирифта шудааст. Бинобар иттилои расонаҳои ин кишвар азбаски система нав карда мешавад, ду моҳи аввали соли 2024 метавонад барои сайёҳон душвор бошад. Ҳар сол беш аз 2,5 миллион парвоз аз фазои Фаронса мегузарад ва ҳар гуна халалдоршавӣ метавонад ба сафарҳо дар саросари Аврупо таъсир расонад. Тибқи иттилои шабакаи хабарии BFM, дар ҳоле ки корҳо ҷараён доранд, тахмин зада мешавад, ки тақрибан 16,500 парвоз кам карда мешавад. Аз 9 январ то 14 феврал ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавсия дода шудааст, ки шумораи парвозҳоро дар фурӯдгоҳҳои Шарл де Голл, Орли, Ле Бурже ва Бовеи Париж 20 фоиз кам кунанд. Барои беҳбуди идораи ҳаракати ҳавоии Фаронса ҳудуди 1 миллиард евро сармоягузорӣ мешавад то ин давлат тавони иҷрои парвозҳои бештар ва муассиртар фаъолият кунад.
АКС Аз манбаъҳои боз