Воридшавии сайёҳон ба Патагония манъ шуд

Воридишави сайёҳон ба Патагония дар Ҷумҳурии Чили, ки дорои пиряхи “Иксплорадос” мебошад ва он бар асари обшавии ноустувор шудааст, ба таври доимӣ манъ карда шуд. Дар ин бора сомонаҳои ин кишвар иттилоъ додаанд.

Бинобар иттилои сарчашмаҳои гуногун Корпорацияи миллии чангалпарварии Чили сайёҳон ва рохбаладони маҳаллиро ба хашму ғазаб овардааст. Зеро ба андешаи роҳбаладони маҳаллӣ баста шудани пиряхи” Exploradores” дар Патагония ба онҳо зарбаи иқтисодӣ мерасонад. Он чизе, ки масъулин вобаста ба обшавии зуд ва ноустуворкунанда – ҳамчун масъалаи бехатарӣ мебинанд, баҳсро дар бораи хатарҳои кӯҳнавардӣ дар иқлими зудтағйирёбанда ба вуҷуд овардааст. Пиряхи “Explorers “ё “Exploradores “дар боғи миллии Лагуна Сан Рафаэл ҳадди аққал ду даҳсола дар минтақаи ҷанубии Айсен як макони сайёҳии яхбандӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо як пажӯҳиши дуҳафтаинаи гидрологҳои давлатӣ нишон дод, ки пирях ба “нуқтаи гардиши” хатарноки ноустувор мерасад. Идораи хоҷагии ҷангал, ки боғҳои миллии Чилиро назорат мекунад, дар як паёми электронӣ ба таври доимӣ сайругаштро манъ кардааст.

АКС Аз манбаъҳои боз