Дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ташкил мегардад

Имрӯз соати 10:00 дар «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  намоиши ҷашнӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Намоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил гардида,  мақсад аз баргузории он шиносонидани сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббусҳои  Тоҷикистон дар самти обу иқлим  ва нақши намоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоли муҳими сайёра мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дар ин мавзуъ чандин намоишҳои пурмуҳтаворо ташкил намудааст, ки писанди тамошобинон гардидааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон