Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Лондон

Дирӯз ҳамоиши байналмиллалии “Бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Лондон 2023”, ки марҳалаи назаррасро дар барқарорсозии соҳаи сайёҳӣ нишон медиҳад, ба кори худ оғоз намуд.

Пас аз як давраи номуайянӣ ва маҳдудиятҳои сафар, чорабинии имсола замина мегузорад, ки он чароғи умед барои сайёҳону мутахассисони соҳа гардад. Дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонии Бозори Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ (Wourld Travel Market-London 2023), ки рӯзҳои 6-8 ноябр дар шаҳри Лондон баргузор шуда истодааст, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандон, намояндагони меҳмонхонаҳо, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва дигар ниҳодҳо хуб муаррифӣ гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки таваҷҷӯҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, соҳибкорон, сайёҳон, хабарнигорон ба мамлакати мо меафзояд ва ин қадами тозае мешавад, дар рушди ин бахши муҳими мамлакат. Бозори ҷаҳонии сайёҳӣ (WTM) дар тӯли зиёда аз чор даҳсола як платформаи муҳим барои саноати ҷаҳонии сайёҳӣ буд ва нашри имсола низ таъсири худро хоҳад гузошт.