Дар виляоти Суғд 288 марказҳои ҳунармандӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумор 108 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад.
Дар марказҳои таълмӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 690 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунарманди ҷалб гардидаанд. Бинобар иттилои масъулини фарҳанги вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, занону бонувони эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои Президентӣ имкон фароҳам овардааст, ки занону бонувон дар амалӣ шудани нақшаву иқдомҳои созанда ба даствоардҳои бештар ноил гарданд.
АКС Аз манбаъҳои боз