Испания барои воридшавии сайёҳон маҳдудият ҷорӣ мекунад

Ҳокимяти Сан Себастян, як шаҳри сайёҳии Испания, тасмим гирифтааст сохтмони меҳмонхонаҳои навро дар ин шаҳр манъ кунад. Шаҳр, ки дорои қадимтарин фарҳанги Аврупост, пур аз сайёҳон боқӣ мемонад ва аз сайёҳии зиёд азият мекашад.

Аз ин рӯ, ҳукумат нақша дорад, ки шумораи сайёҳонро ба шаҳр маҳдуд карда, сохтумони меҳмонхонаҳои навро манъ кунад. Пеш аз Сан Себастян, дар соли 2018, Палма де Малйорка аввалин шаҳр дар Испания шуд, ки Airbnbs-ро манъ карда буд.

Иттилоъ дода мешавад ки ҳатто сокинони шаҳр аз сайёҳҳони зиёд дилгир шудаанд. Онҳо бо граффитҳои зидди сайёҳӣ бо паёмҳое ба мисли “ба хона баргардед” дар болои муҷассамаҳо ва пулҳо таҳия мекунанд. Бо ин тадбирҳо шаҳр умедвор аст, ки тағироти калон ба амал оварад ва кӯшиш мекунад, ки шаҳрро барои сокинони маҳаллӣ қобили зиндагӣ гардонад.

АКС Аз манбаъҳои боз