Дар Донишгоҳи байналмилалии Хиросимаи Ҷопон чорабинии фарҳангии давлатҳои Осиё, Африқо, Амрико ва Аврупо доир гардид, ки дар он хизматчиёни давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ намуданд, — иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамасола моҳи ноябр дар Донишгоҳи Хиросима бахшида ба Рӯзи кушодашавии «Мактаби олии рушд ва ҳамкории байналмилалӣ» чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки раёсат, профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз давлатҳои гуногуни олам, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд, баргузор карда мешавад.
Донишҷӯён бо пешниҳоди анвои таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ, ба намоиш гузоштани гушаи ҳунарҳои мардумӣ давлати худро муаррифӣ менамоянд.
Имсол хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон бо пешниҳоди таомҳои миллӣ, намунаи дастдӯзиҳои фарҳанги миллӣ, маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни намояндагони дигар давлатҳо муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯроки миллии «Оши палав», ки ҳамчун хӯроки миллии тоҷикон аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудааст, пешниҳоди иштирокчиён ва тамошобинони халқиятҳои гуногун карда шуд.
Гӯша ва хӯрокҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон бо тамъ ва лаззати нотакрораш барои тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъол баҳои баланд дода шуд. Масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бори дуюм аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон