Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ дар вилояти Суғд” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, намояндаи вилояти Суғд, роҳбарият ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон, намояндагони осоишгоҳову санаторияҳо ва ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд. Ҳамоиши мазкур бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП – 321 тасдиқ шудааст ва дар доираи таҷлили 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Ҳамзамон ҳайати мазкур бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои шаҳри Бӯстон оид ба эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, аз коргоҳи “Зари тоҷик”, коргоҳи “Қолинбофӣ” ва коргоҳи “Дузандагӣ” дидан намуданд.