Ҷамъбасти озмун дар соҳаи сайёҳӣ

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни “Беҳтарин субектҳои хизматрасонии сайёҳӣ” дар мамлакат ҷамъбаст гардид.

Дар  кори он роҳбарияти Кумитаи мазкур, намояндагии ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияи меҳмонхонадорӣ ширкат карданд.Дар озмуни мазкур, наздик ба 30 ширкати сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ ва роҳбаладон ширкат  доштанд.

Талаботҳои озмуни мазкур ба инобат гирифта шуда 5 иштирокчӣ  бо ишғоли се мақом мавқеъ гирифтанд. ҶДММ  “Ориён Адвентур” дар номинатсияи “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, меҳмонхонаи “Румӣ”  дар бахши меҳмонхонаи беҳтарин, “Ганҷи Истиқлол”, дар бахши тарабхонаи беҳтарин ва Фарҳод Муминов  ҳамчун роҳбалади беҳтраин инчунин ҶДММ “Бунёд тур” дар номинатсияи беҳтарин сомона дар соҳаи сайёҳи мавқеи аввалро соҳиб ва аз ҷониби ҳайати тадорукот ва роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому  мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС аз сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон