Тибқи иттилои расонаҳои туркӣ, теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Туркия дар моҳҳои январ-сентябр 12,7 дарсад афзоиш ёфта, ба 39,2 миллион нафар сайёҳ расидааст.
Даромади сайёҳии ин давлат дар семоҳаи сеюм 13 дарсад афзуда, ба 20,2 миллиард доллар расидааст. Ин кишвар ҳадаф дорад, ки имсол 60 миллион сайёҳро пазироӣ кунад ва аз ин ҳисоб 56 миллиард доллар даромад ба даст орад. Бинобар навиштаи расонаҳои гуногун русҳо калонтарин гурӯҳи истироҳаткунандагони хориҷиро дар ин давлат ташкил медоданд. Дар нӯҳ моҳи соли 2023 5,2 миллион шаҳрванди Русия аз Туркия дидан кардаанд, ки ин нишон медиҳад, нисбат ба як соли қабл 34 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки Истанбул макони дӯстдоштаи хориҷиён буда, 13,2 миллион сайёҳро ҷалб кардааст. Анталия, ки дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ аст, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 12 миллион нафар истироҳаткунандагони хориҷиро пазируфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз