Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар баробари «шаҳри сабз» унвон гирифтанаш боз ба маркази саноатии пешрафтаи мамлакат ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Кушода шудани силсилакорхонаи саноатӣ дар Душанбе дар оғози ҳафтаи равон баёнгари он аст, ки сиёсати рушди саноат дар пойтахти мамлакат мақсаднок буда, давраҳои минбаъдаро низ пешбинӣ менамояд.
Дар зимн андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаровро оид ба ин мавзуъ пешкаши хонандагони Агентӣ менамоем.
Дар асоси баҳои муаллиф, Тоҷикистон имрӯз дар роҳи соҳибистиқлолӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Дар 32 соли сипаригашта мамлакати мо дар натиҷаи сиёсати дурандешона ва назари стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром ба масири рушди босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ворид гардид.
Роҳбарияти Тоҷикистон бо мақсади расидан ба чор ҳадафи миллӣ тавонист дар ҷумҳурӣ на танҳо иқтисодиёти рақобатпазир эҷод намояд, балки дар рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Дар даҳсолаи охир шаҳрҳои собиқадори Тоҷикистон ободтар гаштанду шаҳракҳои нав бунёд ёфтанд. Яъне, пешрафту дастовардҳои иқтисодии давлат барои таҳкими кулли соҳаҳои хоҷагидорӣ ва инчунин рушди давомдори минтақаҳо, шаҳру рустои мамлакат заминаи хуб эҷод намуд.
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ гузашта, мувофиқи талаботу тағйирот дар фазои геоиқтисодии ҷаҳон иқтисоди миллиро таҷдид менамояд. Аз ин рӯ дар шаҳрҳои мамлакат дар асоси технологияҳои муосир корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Эҷоди корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар минтақа ва шаҳрҳои давлати пуриқтидори мо на танҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, балки ба рушди иҷтимоӣ, афзоиши шуғли аҳолӣ бо меҳнат, инкишофи инфрасохтори шаҳрҳо, тараққиёти соҳаи тандурустӣ ва маориф, ки масъули ташаккули сармояи босифати инсонӣ мебошанд, мусоидат менамояд
Дар ин радиф хусусан рушди босуръати пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, ки бо шарофати заҳмати шабонарӯзии сиёсатмадори муваффақ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба маркази байналмилалии иқтисод, сиёсат, фарҳангу илм ва варзиш мубаддал гаштааст, мояи ифтихори ҳар фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гаштааст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар пойтахти ободи Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ, ҷашнвораҳои байналмилалии фарҳангӣ ва форумҳои байналмилалии иқтисодӣ дар сатҳи олӣ гузаронида мешаванд. Дар шаҳри Душанбе зери назорати муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ ва иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ амалӣ мегарданд.
Роҳбарияти пойтахт бар он талош доранд, ки Душанбе дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми бештар дошта бошад. Аз ин ҷост, ки ба амалигардонии лоиҳаҳои иқтисодӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ дар саноати пойтахти мамлакат, татбиқи моделҳои гуногуни босамари иқтисодӣ дар Душанбе таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Чунончи, охири моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе боз 7 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, Тоҷикистонро ба ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат боз ҳам наздиктар намуд. Дар корхонаҳои ифтитоҳшуда 4000 шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин гардида, ба истеҳсоли молҳои саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир машғул мешаванд.
Имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ молҳои давлати мо бо тамғаи “Made in Tajikistan” рӯз то рӯз зиёд мегарданд.
Масалан, чанде пеш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи нави “Файзи баракат” оид ба истеҳсоли равған дар шаҳри Душанбе ба кор даромад. Ин корхона дар муддати кӯтоҳ ба маблағи 5 миллион доллари ИМА ба Чин маҳсулоти ватанӣ содирот менамояд. Ва ин гуна намунаҳо дар шаҳри Душанбе зиёд мебошанд
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати илман асоснокгардидаи иқтисодӣ дар мамлакати мо корхонаҳои нави саноатӣ пай дар пай ба кор оғоз намуда, ҳамзамон корхонаҳои пешин таҷдид гардида, ба истифода дода мешаванд. Чунончи, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» дар шаҳри Душанбе 31 октябри 2023 баъд аз таҷдид бо 3 хати нави технологии муосир боз ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар онҳо костюму шим, куртаҳои мардона ва занона дӯхта мешаванд. Мо умед дорем, ки аллакай солҳои наздик маҳсулоти ин корхона ба хориҷи мамлакат содирот мешавад, зеро он бо 250 номгӯй қодир ба истеҳсоли ин маҳсулот дар ҳаҷми то якчанд миллион адад аст.
Тоҷикистон солҳои наздик метавонад ба яке аз мамлакатҳои пешсаф дар минтақа дар истеҳсоли энергияи “сабз” табдил ёбад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба миллати тоҷик дар соли 2022 иброз намуда буданд, “98%-и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» давлати мо дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи 6-умро ишғол менамояд”.
Аз ин рӯ хеле бамаврид аст, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти электрикии «Имод»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ифтитоҳ гардид. Дар корхонаи таъсисшуда дар 16 хати истеҳсолӣ 36 намуд маҳсулот, аз ҷумла ҳисобкунакҳои интеллектуалии барқ, стансияҳои трансформаторӣ, лифтҳо, обгармкунакҳои барқӣ ва офтобӣ, сутунҳои баландшиддати хати ҳавоӣ, сутунҳои барқӣ, сутунҳои оҳании гуногун барои равшании боғҳои ҷамъиятӣ ва дигар таҷҳизоти электрикӣ истеҳсол мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи барномаи истеҳсол ва истифодаи энергияи “сабз” дар мамлакати мо яке аз ҳадафҳои калидӣ ва стратегии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешавад. Дар ин хусус чанд моҳ пеш зимни сафари Раиси шаҳри Душанбе ба Чин низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардида, Ёддошти тафоҳум байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол имзо гардид. Яъне, аллакай солҳои наздик дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад.
Умуман аз натиҷаи сафарҳои хориҷии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бармеояд, ки он кас барои рушди саноатии пойтахти мамлакат бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ нақшаҳои зиёди созанда дорад.
Дар ҳақиқат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе барои зиёд намудани шумораи иншооти саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти стратегӣ медиҳанд. Пойтахти Тоҷикистон солҳои охир дар натиҷаи роҳбарии муваффақи Раиси шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои пешрафта, амн ва аз ҷиҳати экологӣ барои зиндагии шоиста мусоиди дунё мубаддал гаштааст.
Раиси шаҳри Душанбе давоми фаъолият тавонистанд ҷавонони соҳибкор, созандаву олим, эҷодгару ватандӯстро дар атрофи идеяҳои созандаи худ муттаҳид созанд, ки дар натиҷа дар шаҳри Душанбе сол то сол мактабу боғчаҳои кӯдакон, варзишгоҳ ва марказҳои ҷавонони эҷодкор, корхонаҳои нави саноатӣ бештар ба фаъолият оғоз намуданд.
Масалан, 742 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе танҳо соли 2023 ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ мол ва маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин дастовард исботи андешаҳои боло аст. Албатта, барои бунёди саноати рақобатпазир Тоҷикистонро минбаъд ҳам зарур аст ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ташаккули логистикаи замонавӣ аҳамияти хосса диҳад.
Бо итминони комил таъкид намудан ҷоиз аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сокинони пойтахт тавонистанд Душанберо ба маркази бузурги саноати рақобатпазири иқтисоди ҷаҳон мубаддал гардонанд.
Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа
АКС: АМИТ «Ховар»