Баргузории  конфронс дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир» бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.

Бинобар иттилои масъулин, ошкорнамоии Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир саривақтӣ буда, конфронси имрӯз низ маҳз ба ҳамин хотир роҳандозӣ гардида,  дар ҳалли масоил ва мушкилоти  марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ заминагузор хоҳад буд.

Кори Конференсия дар 4 иҷлосия дар мавзӯҳои «Сайёҳии экологӣ омили муҳими рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист», «Сарватҳои табиӣ ҳамчун омили ташаккулёбии соҳаи сайёҳӣ», «Нақши ёдгориҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон дар рушди сайёҳии дохили» ва “Масъалаҳои мубрами рушди устувори сайёҳии дохили дар минтақаҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии Тоҷикистон» идома ёфта,  мутахассисон ва муҳаққиқону коршиносон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ ва масъалаҳои мубрами рушди сайёҳии дохилиро дар кишвар баррасӣ ва муҳокимарони намуданд.