“Туризми сабз” дар Ҳиндустон зиёд мегардад

Иҷозатномаҳои минтақаҳои маҳдуд ва минтақаҳои муҳофизатшаванда ки қаблан сайёҳони хориҷӣ ҳангоми сафар аз се иёлоти сарҳадии Ҳиндустон дар шимолу шарқи ин мамлакат талаб мекарданд, ба таври назаррас сабук карда шуданд.

Дар ин бора директори минтақавии Вазорати сайёҳии иттиҳодия дар шимолу шарқи ин кишвар  хабар додааст. Дар гузашта, гирифтани иҷозатнома барои хориҷиён кори душвор буд, ин иҷозатномаҳо барои меҳмонони хориҷӣ барои дастрасӣ ба минтақаҳои мушаххас дар шимолу шарқ, бахусус иёлотҳои сарҳадӣ, ба монанди Нагаланд, Аруначал Прадеш ва Мизорам талаб карда мешаванд.

Туроператорони маҳаллӣ тамоми чораҳои заруриро иҷро мекунанд ва шумораи рад кардани дархостҳои сайёҳони хориҷӣ дар ин иёлотҳо кам гаштааст. Минтақаи Шимолу Шарқӣ имконияти азим барои “туризми сабз”-ро пешниҳод мекунад.  Ин минтақа  шоҳиди афзоиши рекордии сайёҳии дохилӣ дар соли 2021 гардида буд, ки 1,3 миллион сайёҳ аз дигар қисматҳои Ҳиндустон бо муҳити покиза, истиқбол, зебоии табиии фаровон ва имконоти гуногуни манзил дастраси пайдо намуда буданд.