Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.
Дар даври ҷамъбастии фестивали мазкур, гулчини барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди фаъолияти ташкилӣ, сохторӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии ансамблҳои тарона ва рақс аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидаааст.
Тибқи хулосаи гурўҳи корӣ-эҷодӣ ансамблҳои тарона ва рақси “Саодат” аз ноҳияи Ашт, “Зарафшон” аз шаҳри Панҷакент, “Зафар” аз ноҳияи Зафаробод, “Ғунча” аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Илҳом” аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Садбарг” аз ноҳияи Данғара, “Гулдаста” аз шаҳри Хоруғ, “Мавҷҳои Шохдара” аз ноҳияи Роштқалъа, “Гулҳои Дарвоз” аз ноҳияи Дарвоз ва “Мавҷи Роғун” аз шаҳри Роғун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 22 ансамбли тарона ва рақс ба қайд гирифта шудааст, ки дар назди бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.