БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ МАКОНҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ПОЙТАХТИ МАМЛАКАТ

20 октябр меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» аз маконҳои сайёҳӣ ва таърихии Пойтахти мамлакат дидан карданд.

Нахуст, меҳмонон аз Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дидан карда, дар осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ба осори пурғановати миллати тоҷик шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи қадима буда, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.

Баъд аз боздид аз Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” меҳмонон аз Кохи Наврӯз дидан намуданд.  Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Кохи мазкур бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. «Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд.

Дар идома меҳмонон пас аз боздид аз Кохи Наврӯз аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд. Меҳмонон бо осори гаронарзиш ва мероси гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ – шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол шинос гардиданд. Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баъд аз боздид аз маконҳои фарҳангию таърихии пойтахти мамлакат аз ташкилкунандагони чунин хатсайр изҳори миннадории хешро баён намуданд.