«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

АКС аз манбаъҳои боз