Имрӯз дар майдони 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишии «Дави Бокс» доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқаи варзишӣ беш аз 45 000 нафар иштирок намуданд. Дар байни онҳо варзишгарони касбӣ, ҳаваскорон, ҷавонону наврасон ва собиқадорон иштирок карданд. Дави бокс дар се марҳила: барои кӯдакону наврасон дар масофаи 500 метр, барои калонсолон – 6 км ва барои варзишгарони касбӣ ба масофаи 10 км гузаронида шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки ин мусобиқа бо дастгирии молиявии Федератсияи ҷаҳонии бокс ва бо ташаббуси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Хадаф аз баргузории он таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин ғамхории доимӣ ҷиҳати дастгириҳои молиявию моддии варзишгарони муваффақи мамлакат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз